Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров Амрикоро ба "русҳаросӣ" муттаҳам кард


Сергей Лавров
Сергей Лавров

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, Амрикоро барои "русҳаросии хашин" муттаҳам кард. Рӯзи 9 октябр дар барномаи телевизионии "Воскресеное время" Лавров гуфт, Амрико иқдомоти хашинеро роҳандозӣ мекунад, ки ба амнияти миллии Русия хатар дорад. Хабаргузории Рейтер ба нақли қавл аз Сергей Лавров гуфт, дар сиёсати Амрико тағйири бунёдӣ сурат гирифта ва кор ба ҷое расидааст, ки “русҳаросии хашин” пояи сиёсати Иёлоти Муттаҳида дар муносибат бо Русияро ташкил мекунад. Вазири хориҷаи Русия гуфтааст, ҳамин тағйироти бунёдӣ сабаб шуд, ки Русия худро аз созишномаи “нобуд кардани плутонии таслиҳотӣ” берун кашад. Қаблан муовини вазири корҳои хориҷии Амрико Роуз Гетемюллер дар суҳбат бо “Интерфакс” аз ин хориҷшавии Русия изҳори таассуф кард. Вай гуфт, таҳримҳо алайҳи Маскав то замоне пойбарҷо хоҳанд буд, ки Русия уҳдадориҳои худро дар доираи созишномаи Минск пурра иҷро накунад.

XS
SM
MD
LG