Пайвандҳои дастрасӣ

Қазоқистон нархи пешинаи Интернетро барои Қирғизистон бармегардонад


Ширкатҳои фароҳамкунандаи интернети Қазоқистон арзиши пешинаи интернетро барои Қирғизистон бармегардонанд. Дар ин бора сардори Оҷонсии давлатии зиддиинҳисории Қирғизистон Болсунбек Казаков хабар додааст.

Вай гуфтааст, ахиран дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон мулоқоти ниҳодҳои зиддиинҳисории Қазоқистону Қирғизистон ва ширкатҳои таъминкунандаи интернет сурат гирифтааст.

"Мо ба ҳамдигарфаҳмӣ даст ёфтем, нархи интернет барои Қирғизистон мисли пештара боқӣ монд", - гуфтааст Болсунбек Казаков.

Ба гуфтаи раиси зиддиинҳисории Қирғизистон, ширкатҳои интернетии Қазоқистон 1 мегабит интернетро ба Қирғизистон аз 10 то 15 доллар мефурӯшанд. Дар ҳамин ҳол, Қазоқистон ин миқдор интернетро аз Русия бо арзиши 2 доллар мехарад. Дар Тоҷикистон бошад, арзиши як мегабит интернет 65 доллар аст.

Моҳи августи соли ҷорӣ Эътилофи ширкатҳои мобилии Қирғизистон хабар дод, ки Қазоқистон ният дорад, арзиши интернетро барои Қирғизистон аз 1,5 то 3 баробар гарон кунад.

XS
SM
MD
LG