Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Амният дар масъалаи Сурия ба ҷое нарасид


Ҳалаб ба як шаҳри харобаҳо табдил шудааст.
Ҳалаб ба як шаҳри харобаҳо табдил шудааст.

Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар як ҷаласа созиши оташбас дар Сурияро баррасӣ кард, вале ба далели мухолифати Русия ба ҷое нарасид. Пештар аз ин Амрико гуфт, ки тамоми тамосҳояш дар масъалаи Сурияро бо Русия қатъ мекунад. Фаронсаву Испониё рӯзи 3-уми октябр бо пешниҳоди қатъномае хостанд, ки ҳамлаҳои ҳавоӣ дар шаҳри Ҳалаби Сурия фавран қатъ шавад, вале Русия гуфт, “ин пешниҳод ҳеҷ имкони иҷро шуданро надорад”. Дар он қисмати шаҳри мазкур, ки дар дасти шӯришиён аст, дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоӣ дар рӯзҳои ахир даҳҳо нафар кушта шуданд. Стаффан де Мистура, фиристодаи Созмони Милал барои Сурия, гуфт, аз ноком шудани талошҳои дипломатии Амрикову Русия барои хатми ҷанг дар Сурия “бисёр афсӯс” мехӯрад, вале афзуд, барои ҳалли сиёсии муноқиша “нерӯмандона талош мекунад” ва ҳеҷ гоҳ “мардуми Сурияро ба дасти ҷанги беохир намесупорад”. Франсуа Делатре, сафири Фаронса дар Созмони Милал гуфт, бо қатъи тамоми ҳамлаҳои ҳавоӣ “қатлу куштор” дар Ҳалаб поён дода шавад, вале Виталий Чуркин, сафири Русия ва раҳбари давраии Шӯрои Амният ба қабули чунин қатънома мухолифат кард ва гуфт, “манъи парвози ҳавопаймоҳо дар ҷое, ки террористон ҳар кор мехоҳанд, бикунанд пешниҳоди ҷолибе нест.”

XS
SM
MD
LG