Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Русия навтарин сохтори зидди мушакиро ба Сурия бурд"


Русия барои аввалин бор мушакҳои навтарини зидди ҳавоии С-380 ва "Антей-2500"-ро ба хориҷ аз ин кишвар интиқол додааст. Дар ин бора шабакаи телевизионии FOX NEWS бо такя ба манбаъҳояш хабар дод. Ин силоҳҳо охири ҳафтаи гузашта ба бандари Тартуси Сурия дар баҳри Миёназамин, макони пойгоҳи нерӯҳои баҳрии Русия интиқол ёфтаанд. Дастгоҳҳо феълан берун оварда нашудаанд ва дар контейнерҳо қарор доранд.

С-380 ВМ барои мушакҳои болдори Иёлоти Муттаҳида ва шариконаш хатар дорад. Ин навъи силоҳ барои зарба задан ба ҳавопаймоҳои ҳомили мушкаҳои баллистикии миёна ва дурпарвоз истифода мешаванд. Як мақоми амрикоӣ гуфтааст, ки "на гуруӯҳи "Давлати исломӣ" ҳавопаймоҳои ҷангӣ дорад ва на "Ҷабҳат-ан-Нусра", ҳамин тавр не?"

Се сол пеш Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, имкони истифода аз мушакҳои болдори "Тамаҳавк"-ро барои ҳамла ба пойгоҳи ҳавоии нерӯҳои Сурия, дар посух ба истифодаи силоҳи кимиёвӣ алайҳи нерӯҳои мухолифин матраҳ карда буд. Русия аллакай мушакҳои зиддиҳавоии С-400-ро барои ҳимояи пойгоҳҳои худ дар Сурия мустақар кардааст.

Як сол пеш, баъди оғози бомбаборони Сурия тавассути ҳавопаймоҳи Русия, Обама гуфта буд, ки Маскав дар ботлоқи ҷанги шаҳрвандии Сурия дармемонад, аммо чанде пеш Департаменти давлатии Амрико эътироф кард, ки дахолати низомии Русия режими Башор Асадро мустаҳкам кардааст.

XS
SM
MD
LG