Пайвандҳои дастрасӣ

Туркманистон ҳавопаймоҳояшро дар Ӯзбекистон таъмир мекунад


Тошканд ва Ишқобод имконоти ҳамкорӣ дар самти хизматрасонии техникӣ ва таъмири парки ҳавопаймоии Туркманистонро дар анбори ширкати "Ӯзбекистон эйрвэйз техникс" меомӯзанд.

Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ иттилоъ дода, гуфтаанд, масъалаи мазкур дар ҳошияи ҷаласаи ахири комиссияи муштараки ҳамкориҳои илмӣ - техникӣ, фарҳангӣ ва тиҷорию иқтисодии Ӯзбекистону Туркманистон, ки дар Тошканд баргузор гардид, баррасӣ шудааст.

Ҷонибҳо ҳамкориҳоро дар самти таъмир ва замонавӣ гардонидани вагонҳои роҳи оҳани Туркманистон дар "Корхонаи таъмиру вагонсозии Тошканд" бобарор ва ояндадор хондаанд.

Қаблан Вазорати нақлиёти роҳи оҳани Туркманистон ва "Ӯзбекистон темир йулларӣ" ёддошторе имзо карда буданд, ки бар пояи он ҷониби Ишқобод вагонҳои роҳи оҳани худро дар Ӯзбекистон таъмир хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG