Пайвандҳои дастрасӣ

Посухи Сергей Лавров ба кишварҳои ғарбӣ


Сергей Лавров, зимни суханронӣ дар Маҷмаи умумии Созмони Милал дар рӯзи 23-уми сентябр.

Сергей Лавров, зимни суханронӣ дар Маҷмаи умумии Созмони Милал дар рӯзи 23-уми сентябр.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, қудратҳои ғарбӣ бар тибқи “тааҳудоти худ” барои ҳалли муноқиша дар Сурия рафтор намекунанд. Сергей Лавров, зимни мусоҳиба бо телевизиони НТВ дар Русия, ҷаласаи изтирории Шӯрои Амният дар бораи Сурияро як ҷаласаи нолозим номид. Ба гуфтаи ӯ, Амрико дигар ба ҳайси яке аз раисони Гурӯҳи байналмилалии ҳимоят аз Сурия бетараф нест. Ҳамчунин Дмитрий Песков, сухангӯи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи 26-уми сентябр гуфт, “лаҳни гуфтори баъзе аз мақомоти Бритониё ва Амрико умуман қобили қабул нест” ва метавонад, ба муносибатҳои дуҷониба ва ҳалли муноқишаи Сурия осеб расонад. Аз ин пеш дар рӯзи 25-уми сентябр Саманта Повер, сафири Амрико дар Созмони Милал, амалкардҳои Русия дар Сурияро “ваҳшигарӣ” номид ва сафири Бритониё гуфт, Русия ҳамроҳ бо Сурия дар ҷиноятҳои ҷангӣ даст дорад.

XS
SM
MD
LG