Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зани ҳомилаи ӯзбек дар пахтачинӣ тифлашро аз даст дод


Дилором Ҷӯраева, як зани 28-сола аз вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон ҳангоми пахтачинӣ тифли батнашро аз даст додааст. Вай дар моҳи шашуми ҳомиладорӣ будааст, ки фаъолони маҳаллӣ ӯро иҷборан ба пахтачинӣ бурдаанд.

"Сардори фаъолони маҳаллӣ ӯро таҳдид кард, ки агар ба пахтачинӣ набарояд, баъди таваллуди тифлаш ба вай кумакпулӣ нахоҳад дод. Пулисро ҳам ба манзили вай фиристодааст. Ин зани тарсхӯрда дар аввалин рӯзи пахтачинӣ бачапартоӣ кард", - нақл кардааст яке аз шоҳидон.

Намояндагони мақомоти дахлдор манзил ба манзил гашта, аз сокинони маҳаллӣ талаб кардаанд, ки аз ҳар хонавода ҳадди ақал як нафар ба пахтачинӣ барояд.

Раиси маҳаллае, ки хонаводаи Ҷӯраева зиндагӣ мекунад, гуфтааст, дар ин бачапартоӣ худи Ҷӯраева гунаҳкор аст. "Дар хонаи онҳо шавҳараш ва ду бародари вай бе кор шиштаанд. Мо ба хонаи онҳо рафта, хабар додем, ки мавсими нави пахтачинӣ фаро расид. Келини хонавода Дилором бо хости худаш ба пахтачинӣ баромад. Касе ӯро маҷбур накардааст", - мегӯяд раиси маҳалла.

XS
SM
MD
LG