Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба оташ кашидани акси Кабирӣ дар назди ОБСЕ. (АКСУ ВИДЕО)


Ҷавонон аксҳои пешвоёни мухолифинро оташ мезананд.
Ҷавонон аксҳои пешвоёни мухолифинро оташ мезананд.

Таҷаммӯъи донишҷӯёни тоҷик аз донишгоҳҳо ба назди намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ аз ҷумла Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо кашид. Ҷамъомадагон аксҳои мухолифони давлатро оташ заданд.

Баъд аз таҷаммӯъҳои эътирозӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон даҳҳо нафар аз ин донишҷӯён ба назди дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба Душанбе омадаанд ва аксҳои мухолифони давлатро ба оташ кашидаанд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз маҳалли ҳодиса гузориш дод, ки ҷавонон дар даст аксҳои Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ, Додоҷони Атовулло, хабарнигори табъидии тоҷик, Шарофиддин Гадоев, яке аз пешвоёни Гурӯҳи 24-ро доштанд ва баъзе аз онҳоро оташ задаанд.

Баъд аз онки донишҷӯён ба дару деворҳои дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо санг андохтаанд ва маъмурони милиса баъзе аз онҳоро дастгир карда ва ба мошине андохта бурдаанд. Ҳамчунин чанд занеро, ки ба ин ҷавонон пайваста ва эътироз кардаанд, ба мошине андохта бурдаанд.

ҲУКУМАТ: ТАШАББУС АЗ ҶАВОНОН БУД

Ҳукумат дар ин ҷо аслан даст надорад, онҳо худашон ташаббус нишон дода баромаданд.

Як мақоми баландпоя дар ҳукумати Тоҷикистон дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт, "Ин эътирозҳоро ҷавонҳо худашон ташкил кардаанд, онҳо ҳоло зиёд мутолеа мекунанд, аз ҳаводиси кишвар ва берун аз он огоҳ ҳастанд. Аз ҳамин хотир, даст ба эътироз заданд. Вале ҳукумат дар ин ҷо аслан даст надорад, онҳо худашон ташаббус нишон дода баромаданд". Дар Тоҷикистон ташкили ҳамоишҳову раҳпаймоиҳои бидуни иҷозат манъ аст. Дар вазорати маорифи Тоҷикистон нахостанд ба саволи радиои Озодӣ дар бораи ин ки вокуниши онҳо ба аз дарс мондани садҳо донишҷӯ ва дар хиёбонҳои Душанбе даст ба эътироз заданашон чист? посух диҳанд.

ҲОМИЁНИ ҲУҚУҚ: "ИНГУНА ВОКУНИШ ДУРУСТ НЕСТ"

Надежда Атаева, раиси Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ ва яке аз ширкатдорони нишасти САҲА дар Варшава дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 23 сентябр гуфт, ки “ҳама гуна интиқоди шаҳрвандон аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон бо шубҳа ва воҳима ва хулосаҳои нозирони бетараф ҳамчун тавтиа пазируфта мешавад. Тоҷикистон набояд фаромӯш кунад, ки чандин санади байналмилалии марбут ба таъмини ҳуқуқи башари шаҳрвандонро имзо кардааст”.

Атаева афзуд, ки мақомоти Тоҷикистон “ҳар масъалаву нигарониеро, ки дар мавзӯи ҳуқуқи башар садо медиҳад, бо таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ба инобат мегиранд, вале дар вокуниш ба интиқод гоҳо хашмгинона рафтор мекунанд".

Аз ин пештар донишҷӯёну гурӯҳе аз ҷавонони Тоҷикистон ба ҳузури мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқи инсон дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон тазоҳурот карданд.

Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ танҳо дар толори Донишгоҳи тиббӣ ҳудуди 400 нафар ҳузур доштанд. Онҳо гуфтаанд, ки Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо сиёсати "духӯра" дорад ва "кишварҳои Аврупо ба макони ҷинояткорон табдил ёфтаанд".

Дар донишгоҳҳои миллӣ, тиббӣ, аграрӣ, славянӣ, техникӣ ва Донишгоҳи Кӯлоб ҳам ҳамингуна ҷамъомадҳои эътирозӣ баргузор шудааст. Ба гуфтаи ташаббускорони тазоҳурот, мумкин аст, онҳо дар назди дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҷамъ оянд.

Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳам "тазоҳурот" карданд.
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳам "тазоҳурот" карданд.

Аслиддин Хушвақтов, яке аз ҷавонони фаъоли Тоҷикистон ва аз ташаббускорони эътирозҳо рӯзи 23 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки эътирози ҷавонони донишҷӯ дар толорҳои Донишгоҳи миллӣ ва Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон "иқдоми довталабона" аст.

Ба гуфтаи ҷаноби Хушвақтов, ҷавонон эътирози худро ба ҳузури мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар конфронси марбут ба ҳуқуқи инсони Варшава баён мекунанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Хушвақтов эътирозҳо дар толорҳо баргузор мешавад, аммо ҷавонон бо шиору плакатҳо дар даст, алайҳи иқдомоти мухолифон шиорпартоӣ хоҳанд кард.

Айни таҷаммӯи эътирозӣ дар Донишгоҳи Кулоб сурат гирифт. Иқдомҳо барои баргузории таҷаммӯи эътирозӣ дар донишгоҳҳои миллӣ ва тиббӣ баъд аз айни эътироз дар толори Донишгоҳи омӯзгорӣ доир мешавад.

Иддае аз ҷавонони Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон рӯзи 22-уми сентябр дар толори донишгоҳ гирди ҳам омада ва иддаъо карданд, ки Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ мехоҳад, "боз ҷангро сар кунанд”. Дар ин ҳамоиш ҳудуди 300 донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ҷамъ омада буданд.

Ба оташ кашидани акси Кабирӣ дар назди ОБСЕ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:21 0:00

Аз ин пештар шоми 20 ва субҳи 21-уми сентябр як гурӯҳ аз ҷавонон дар назди дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе ҷамъ омада ва муроҷиатномаеро ба кормандони намояндагии САҲА таслим карданд.

Аслиддин Хушвақтов гуфт, ки ҷавонони тоҷик дар ин муроҷиатнома аз Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо хостаанд, ки аз ҳимояти афроди ҷиноятпеша даст бардорад.

ЭЪТИРОЗИ МУХОЛИФОН ДАР ВАРШАВА

Тарафдорони Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар толори конфронс дар бораи ҳуқуқи башар.
Тарафдорони Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар толори конфронс дар бораи ҳуқуқи башар.

Эътироз дар Душанбе баъд аз он сурат мегирад, ки гурӯҳе аз аъзо ва тарафдорони Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва дигар гурӯҳҳое, ки худро мухолифони давлати Тоҷикистон меноманд, рӯзи 19 сентябр бо баргузории як ҳамоиши эътирозӣ дар шаҳри Варшава хостори озодии аъзои маҳкумшудаи раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон шудаанд.

Баъдан ин гурӯҳ вориди толоре шуд, ки он ҷо ҷаласаи Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар мавзӯи демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон бо иштироки мансабдорону намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, аз ҷумла Зариф Ализода, омбудсмени тоҷик ҷараён дошт. Эътирозгарон дар тан либос бо аксҳои аъзои маҳкумшудаи раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ доштанд ва дар канори толор қарор гирифтанд.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломиро баъд аз ошӯб ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ созмони террористӣ эълон кард ва фаъолияташро мамнӯъ кард.

Додситонии Тоҷикистон мегӯяд, ки Ҳизби наҳзат аз ҳидоятгарон ва ташкилдиҳандагони ошӯб буд, ҳарчанд раҳбари ҳизб Муҳиддин Кабирӣ гуфтааст, ин иддаои беасос аст ва бо ҳадафи бастани Ҳизби наҳзат онро бофтаанд. Аз тирамоҳи ҳамон сол то кунун даҳҳо нафар аз тарафдорони ҳизб ба кишварҳои аврупоӣ ва ба хусус Лаҳистон рафтаанд ва дархости паноҳандагӣ кардаанд.

Азбаски дар Тоҷикистон баргузории тазоҳурот мамнӯъ аст, эътирози донишҷӯёнро бо ташаббуси мақомот медонанд.

XS
SM
MD
LG