Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи мӯътабари Ганнушкина барои ҳимояи ҳуқуқи инсон


Светлана Ганнушкина барандаи ҷоизаи шведӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон бо номи “Барои тарзи дурусти зиндагӣ” гардид, ҷоизае, ки баъзан онро баробарвазни ҷоизаи сулҳи Нобел медонанд.

Дар ин бора рӯзи панҷшанбе, 22 сентябр дар як нишасти матбуотӣ дар Стокҳолм хабар доданд.

Ин фаъоли ҳуқуқи инсон дар Русия “барои ҳимояи дарозмуддати ҳуқуқи инсон ва бархӯрдҳои одилона ҳангоми ҳимояи ҳуқуқи гурезагон” арзандаи ин ҷоиза дониста шуд.

Светлана Ганнушкина Кумитаи муосидати шаҳрвандиро созмон дод ва беш аз 25 соли охир ба паноҳандагон кӯмак мекунад.

Ҳамзамон, ин ҷоизаро як созмони ғайридавлатии Сурия, Мозн Ҳассан, фаъоли ҳимоя аз ҳуқуқи занон дар Миср ва рӯзномаи туркии “Ҷумҳурият” низ соҳиб шудаанд.

Ғолибон 3 миллион крони шведӣ, наздик ба 350 ҳазор долларро бо ҳам тақсим мекунанд.

Ин ҷоизаро соли 1996 Кумитаи модарони сарбозони Русия, соли 2004-маркази ҳуқуқдифои “Мемориал”, соли 2014-собиқ корманди хадамоти истихборотии Амрико Эдвард Сноуден аз худ карда буданд.

XS
SM
MD
LG