Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳимзода дар Рашт. Дар солгарди ҳамлаи хунини Камароб


Дар водии Рашт 6 сол пеш вазъ ингуна буд.

Дар водии Рашт 6 сол пеш вазъ ингуна буд.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон ба водии Рашт, ки борҳо шоҳиди нооромӣ шудааст сафар карда ва бо кормандони раёсати Кумитаи амниятӣ миллӣ мулоқот кардааст.

Вазорат бо нашри баёнияе гуфт, ки Рамазон Раҳимзода рӯзи 18-уми сентябр зимни сафари корӣ дар Рашт, кормандони раёсатро ба муносибати 25-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон табрик гуфт ва айни замон аз “ҷоннисориву фидокориҳои” онҳо барои ҳифзи суботу амният дар ин водӣ изҳори қадрдонӣ кард.

“Дар мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористӣ ва унсурҳои ҷиноятпеша ҳазорон нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷони худро аз даст додаанд“ – гуфтааст, вазири умури дохилии Тоҷикистон.

Рамазон Раҳимзода зимни вохӯрӣ бо кормандони раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар Рашт, аз онҳо хостааст, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва дигар “хатару таҳдидҳои замони муосир”-ро пурзӯр кунанд.

Масъалаи ҷилавгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундраву террористӣ аз мавзӯъҳои дигари мулоқоти вазир бо маъмурони амниятии Тоҷикистон будааст. Рамазон Раҳимзода хостааст, барои роҳ надодан ба ин зуҳурот ва ширкати ҷавонони тоҷик “дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи хориҷӣ” чораҳои мушаххас андешиида шавад.

Сафари вазири умури дохилӣ ба водии Рашт дар рӯзи 19-уми сентябр ба 6-умин солгарди ҳамлаи хунин ба корвони мошинҳои сарбозони тоҷик сурат мегирад. Соли 2010 дар дараи Камароб, як гурӯҳ аз афроди мусаллаҳ ба мошинҳои сарбозони вазорати дифо ҳамла карданд ва дар маҷмӯъ 28 нафарро куштанд.

Алии Бедакӣ ба шакли мармузе кушта шуд.

Алии Бедакӣ ба шакли мармузе кушта шуд.

Мақомоти интизомӣ дар он замон гуфтанд, ки ҳамла бо раҳбарии Аловуддин Давлатов маъруф бо номи Алии Бедакӣ, як фармондеҳи собиқи замони ҷанги шаҳрвандӣ ва Абдулло Раҳимов муллаққаб бо номи Мулло Абдулло ҷангсолори дигари ҷанҷолии тоҷик сурат гирифтааст.

Аловиддин Давлатов ва Мулло Абдулло дар натиҷаи амалиёти поксозии минтақа аз ҳузури афроди мусаллаҳ дар соли 2011 кушта шуданд. Ҳоло маълум нест, сафари вазири умури дохилӣ ба ин ҳодисаҳо иртибот мегирад ва ё.

Аммо ин маълум аст, ки водии Рашт, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ яке аз саҳнаҳои асосии набард миёни гурӯҳҳои исломгарои мухолифи тоҷик ва нерӯҳои ҳукуматӣ буд. Баъд аз хотимаи ҷанги дохилӣ нооромӣ ва даргириҳое сар задаанд, маҳз дар ин минтақа будаанд. Аммо тайи чанд соли ахир авзоъ дар Рашт оддист ва се сол пеш Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам ба ин водӣ рафт ва бо сокинони он мулоқот кард.

XS
SM
MD
LG