Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ашк ва шодӣ. Бозгашти гурӯҳи нахустини ҳоҷиёни тоҷик (ВИДЕО)


Баъзе аз сокинон бо дидани хеши худ мегиристанд.
Баъзе аз сокинон бо дидани хеши худ мегиристанд.

Нахустин гуруҳи 200 нафарии ҳоҷиёни тоҷик ба ватан баргаштанд. Се зойири тоҷик, ки барои зиёрати хонаи Худо рафтанд, барнамегарданд ва азизонашон ҳам дар Тоҷикистон мотам доранд.

Ҳоҷиёни тоҷик баъди берун шудан аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз гармии тоқатфарсои Арабистони Саудӣ ҳарф заданд ва шукрона карданд, бо сад мушкилӣ ҳам бошад ба зиёрати хонаи Худо мушарраф шуданд.

Илҳом Аминҷонов, сокини 55 солаи шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳарчанд дар гармии 50 дараҷаӣ азоби зиёде кашиданд, вале фаризаи Ҳаҷҷро адо карданд.

Илҳом Аминҷонов мегӯяд, Ҳаҷҷ тоб овардан ба сахтиҳост.
Илҳом Аминҷонов мегӯяд, Ҳаҷҷ тоб овардан ба сахтиҳост.

“Ҳаҷҷ – имтиҳон ва сабру тоқат кардан аст. Қариб дар ҳама намозҳоямон “салоти ҷаноза” хонда мешуд, барои ҳоҷиёне, ки дар хонаи Худо вафот мекарданд. Ман шоҳиди он ҳастам, ки аксари ҳамсафарҳои мо низ азоб мекашиданд, вале худованд ҳамеша дастгир буд ва қувват медод”- гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.

Дар ҷараёни адои маносики Ҳаҷҷи имсола се зоири тоҷик ҷон доданд ва ҳарсеро дар қабристони "Шароеъ" дар Макка ба хок супурданд. Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин – ниҳоди масъули сафари ҳоҷиёни тоҷик ба Радиои Озодӣ аз Макка гуфт, эҳтимол ҳавои гарм сабаби хуруҷ кардани бемории қалби баъзе аз зоирон шудааст.

Қариб дар ҳама намозҳоямон “салоти ҷаноза” хонда мешуд, барои ҳоҷиёне, ки дар хонаи Худо вафот мекарданд.

Тибқи иттилои кумита, Арал Шукурови 61-сола ва Сарабек Маҳмадови 62-сола, сокинони ноҳияҳои Дустӣ ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон дар шаҳри Макка ҷон додаанд. Арал Шукуров баъди расидан ба водии Мино даргузашта, Сарабек Маҳмадов аз дарди қалб дар меҳмонхонае дар Макка дунёро падруд гуфтааст. Нафари севум Ҳикоят Ашӯрова, сокини ноҳияи Ҳисор буда, дар рӯзи Иди Қурбон даргузаштааст.

Имсол аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар имкон пайдо карданд, барои адои маносики Ҳаҷ ба шаҳрҳои Маккаву Мадинаи Арабистони Саудӣ сафар кунанд. Сафари ҳоҷиёни Тоҷикистон аз 21-уми август оғоз шуд ва то 5-уми сентябр идома кард.

Ҳаҷҷ яке аз рукнҳои панҷгонаи ислом ба шумор меравад ва бар асоси таълимоти исломӣ, барои ҳар фарди мусалмон, ки тавоноии молӣ дошта бошад, давоми умр як бор фарз мебошад. Арзиши хизматрасониҳо дар мавсими Ҳаҷ-2016 дар Тоҷикистон 28 ҳазору 649 сомониву 10 дирам муқаррар шуда буд. Бар асоси дастури ҳукумати Тоҷикистон, танҳо афроди болотар аз 40-сола ҳаққи зиёрати Маккаву Мадинаро доранд.

Бозгашти ҳоҷиёни тоҷик ба ватан
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:41 0:00

XS
SM
MD
LG