Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маросими Ҳаҷҷ дар Арабистони Саудӣ шурӯъ шуд


Тақрибан 1 миллиону 500 ҳазор нафар аз мусулмонони ҷаҳон зери тадобири шадиди амниятӣ иҷрои маросими Ҳаҷҷро шурӯъ карданд. Мавҷи зоирони сафедпӯш аз шаҳри Макка ба шаҳри Мино ҳаракат мекунанд, ки 5 километр дуртар аз Макка аст. Онҳо бо ҳамон роҳе мераванд, ки 1400 сол пеш Ҳазрати Муҳаммад паёмбари ислом ҳаракат кардааст. Мақомоти амниятии Арабистони Саудӣ, тадобири амниятиро барои роҳ надодан ба бебандуборӣ, ки соли гузашта садҳо нафарро кушт, тақвият бахшидаанд. Аз ҷумла ба зоирон дастбандҳое тақсим кардаанд, ки онҳоро ба роҳи зиёрат ҳидоят мекунад. Имсол бинобар афзоиши таниш байни Арабистони Саудӣ ва Эрон, даҳҳо ҳазор аз нафар аз шаҳрвандони Эрон аз ҳаққи зиёрати Маккаву Мадина маҳрум шуданд.

XS
SM
MD
LG