Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Косово 4 имомро ба терроризм ва табъизи мазҳабӣ муттаҳам кард


Додситони Косово панҷ албанитаборро бо шумули чаҳор имом ва раҳбари як ҳизби исломӣ ба додгоҳ мекашад. Додситони кулли Косово рӯзи 15 сентябр гуфт, ки ду имом ба содир кардани амали террористӣ ва ду ҳамтои онҳо ба барангехтани кинаву адовати мазҳабиву қавмӣ муттаҳам шуданд. Додситонӣ нагуфт, ки кадом фаъолияти мушаххаси имомҳо ба ин иттиҳомот сабаб шудааст, вале гуфт, ки ин ҷурмҳо то 8 соли зиндонро дар назар доранд. Додситонӣ, инчунин, раҳбари Ҳизби исломӣ Фуад Рамиқиро ба таҳрики тамошобинони телевизион барои муқовимат ба мақомоти давлатӣ айбдор кардааст. Рамиқӣ ин иттиҳомро "беасос" ва "сиёсӣ" унвон кардааст.

XS
SM
MD
LG