Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занозанӣ ҳангоми бозии тоҷикону узбакҳо дар Братск


Бозии футбол миёни дастаҳои тоҷикону узбакҳои муқими шаҳри Братски вилояти Иркутски Русия бо занозании оммавӣ анҷом ёфтааст. Шоми 11-уми сентябр ин ду даста дар даври ниҳоии бозиҳо барои ба даст овардани Ҷоми «Содружество» бо ҳам вориди сабқат шуданд, вале ҳанӯз бозӣ ба поён нарасида, миёнашон ҷанҷол барангехт. Бинобар навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, бозӣ дар варзишгоҳи «Металлург»-и Братск бо ҳимояти мақомоти ин шаҳр баргузор шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи дастаи Тоҷикистон анҷом меёфт. Вале замоне ки довар вақти иловагӣ таъин кардааст, як гуруҳи мухлисон ба майдони бозӣ ворид шуда, ба рафти он халал ворид кардаанд.

Бархе аз расонаҳои маҳаллӣ менависанд, мухлисон замоне вориди майдон шуданд, ки миёни ду футболбози ду даста ҷанҷол сар зад ва мухлисон барои пуштибонӣ аз бозигари худ вориди майдон шуданд. Мақомоти шӯъбаи пулиси шаҳри Братск рӯзи 12-уми сентябр ба Озодӣ гуфтанд, ки дар дақиқаҳои охири бозӣ як гуруҳ мухлисон саддро убур карда, вориди майдони бозӣ шудаанд ва кормандони пулис барои берун кардани онҳо аз майдон фавран даст ба кор шуданд.

Дар ин шӯъбаи пулис гуфтанд, барои ҷилавгирӣ аз беназмӣ нерӯҳои иловагӣ фиристода шуда, натиҷаи кори онҳое, ки масъули таъмини назму тартибот буданд, арзёбӣ мешавад. Дар ҳамин ҳол, сардовар тасмим гирифтааст, натиҷаи бозӣ бекор карда шавад ва дастаи Тоҷикистон аз натиҷаи 2 бар 1 маҳрум шудааст.

XS
SM
MD
LG