Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Туркманистон се моҳ боз маош надодаанд


Бисёре аз кормандони буҷавӣ дар Туркманистон маоши семоҳаашонро нагирифтаанд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар дода ва гуфтаанд, ки кормандон дар ин бора фақат дар ҳузури ҳамкорон ё дӯстонашон ҳарф мезананд.

Мақомот дар посух ба кормандони соҳаҳои буҷавӣ гуфтаанд, дар сурати пайдо шудани маблағ дар навбати аввал нафақа ва кумакпулиҳоро пардохт хоҳанд кард. Бино ба гузоришҳои расида, бархе аз кормандони соҳаҳои буҷавӣ аз бозору фурӯшгоҳҳо маҳсулоти ғизоиро қарз мегиранд.

"Маро мешиносанд ва волидони хонандагонам ба ман бовар мекунанд, аз ҳамин хотир маҳсулоти ғизоиро қарз медиҳанд. Вагарна, тасаввур карда наметавонам, ки хонаводаамро чӣ гуна таъмин мекардам," - гуфтааст яке аз омӯзгорон дар Туркманистон.

XS
SM
MD
LG