Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду "террорист" ва афсари амният дар Доғиистон кушта шуданд


Кумитаи миллии зидди терроризм дар Русия мегӯяд, ду ҷангие, ки дар чанд амали террористӣ даст доштанд, дар минтақаи Доғистон кушта шуданд. Ба гуфтаи ин ниҳод, дар амалиёте, ки рӯзи 5 сентябр дар минтақаи Магарамкент ҷараён гирифт, як афсари амният низ ҷон бохт. Дар ин амалиёт як афсари дигари амният захм бардоштааст. Доғистон дар маркази мавҷи хушунати гурӯҳҳои ҷиноӣ ва ҷангиён қарор дорад, ки мехоҳанд дар ин кишвари Қафқози Шимолӣ хилофати Исломӣ бунёд кунанд. Ҷиноятҳои созмонёфта, ҷанҷолҳои марбут ба бизнес, баҳсҳои сиёсӣ ва рақобатҳои кланҳо ба хунрезиҳо дар ин минтақа саҳм гузоштаанд.

XS
SM
MD
LG