Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахуствазири Қирғизистон ба Узбакистон меравад


Сооронбой Жээнбеков

Сооронбой Жээнбеков

Сооронбой Жээнбеков, нахуствазири Қирғизистон, ба Узбакистон хоҳад рафт. Манобеи Озодӣ дар ҳукумати Узбакистон дар ин бора хабар дода ва гуфтанд, Жээнбеков дар маросими видоъ бо Ислом Каримов иштирок хоҳад кард. Рӯзи 2-юми сентябр хабаргузории ройтерс бо такя ба се манбаи дипломатӣ гуфт, ки Ислом Каримов, раиси ҷумҳури 78-солаи Узбакистон даргузаштааст. Аммо сухангӯи ҳукумати Узбакистон Чингиз Эсенгулов гуфт, ҳадафи сафари нахуствазири ин кишвар ба Узбакистонро шарҳ додан ҳоло барвақт аст, чун ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз хабари расмии даргузашти Ислом Кармиов нарасидааст.

XS
SM
MD
LG