Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон дар масоили амнияти миллӣ машварат гирифт


Ҳилларӣ Клинтон ба ҳайси номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Амрико аз Ҳизби демократ аз хадамоти махсуси ин кишвар дар масоили амнияти миллӣ машварат гирифтааст. Тавре “Садои Амрико” иттилоъ медиҳад, ин мушовараи дусоата дар масоили таҳдидҳои асосие, ки Иёлоти Муттаҳида бо он рӯ ба рӯ мешавад, дар яке аз идораҳои федеролӣ дар канори шаҳри Ню-Йорк ва наздикии хонаи Клинтон баргузор шудааст. Номзадҳои асосӣ ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ ва мушовирони наздики онҳо уҳдадоранд, ки дар мавриди истифодаи ахбори махфӣ дар робита ба масъалаи амнияти миллӣ дастурамал бигиранд. Ин дастурамларо роҳбари раёсати Идораи кашофии миллӣ ба номздаҳо тавзеҳ медиҳад. Ин анъана аллакай 60 сол боз вуҷуд дорад. Рақиби аслии Клинтон, номзад аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп низ дар ҳамин моҳ ҳамин гуна дастурамал гирифта буд.

XS
SM
MD
LG