Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳлати ҳабси Гулчеҳраро боз дароз карданд


Додгоҳи Пресненскийи Москва муҳлати ҳабси Гулчеҳра Бобоқулова, дояи ӯзбекро, ки дар куштори кӯдаки чаҳорсола айбдор мешавад, то 29 октябри соли равон дароз кард.

Расонаҳои Русия бо истинод ба Анастасия Пилин хабар доданд, ки додгоҳ бар пояи дархости муфаттишон қарор кардааст, ки Бобоқулова дар ҳабс бимонад. Ин дояи ӯзбекро охирҳои моҳи июли соли равон баъди ташхиси рӯҳӣ ба шуъбаи равонии боздоштгоҳи "Бутирка" интиқол доданд ва зери назорати шадид нигаҳдорӣ мешавад.

Гулчеҳра Бобоқулова 29 феврал дар назди метрои "Майдони октябр" боздошт шуд. Вай дар даст сари буридаи кӯдакеро дошт. Баъдтар маълум шуд, ки ин зан дояи духтарчаи чаҳорсола будааст. Бино бар иттилои тафтишот, доя интизор шудааст, ки волидони кӯдак аз хона бароянд ва баъдан сари кӯдакро бурида, хонаро оташ задааст. Ҳоло ӯро дар қатли ноболиғ айбдор мекунанд.

Бобоқулова ба гуноҳи хеш иқрор карда, гуфт, бо ин кораш аз Владимир Путин, президенти Русия барои бомбаборон кардани Сурия қасос гирифт.

XS
SM
MD
LG