Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мавсими пахтачинӣ дар Тоҷикистон


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни сафараш ба вилояти Хатлон расман мавсими пахтачинӣ дар шаҳру ноҳияҳои ин кишварро оғоз бахшид. Раиси ҷумҳур зуҳри имрӯз, панҷшанбеи 25 август зимни чидани пахта дар саҳрои хоҷагии ба номи Файзалӣ Саидов ба ин маърака оғоз бахшида ва баъдан кишварзони хоҷагӣ ба ҷаъмоварии маҳсули пахта шуруъ карданд.

Абдулмӯъмин Улфатов, сардори Раёсати кишоварзии вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бо ташрифи президент дар тамоми хоҷагиҳои деҳқонӣ пахтачинӣ эълон шуд. Ба гуфтаи ҷаноби Улфатов, ҳамзамон раиси ҷумҳур аз “Дастурхони кишоварзони Хатлон” хуб пазироӣ кард. Дар ин намоишгоҳи кишоварзони хатлонӣ садҳо килограмм меваю сабзавот ба маърази фурӯш гузошта шуда буд, бо нархи нисбатан арзон барои сокинони шаҳри Қурғонтеппа ва меҳмонон фурӯхта шуд.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон идома дорад ва фардо раиси ҷумҳур аз ноҳияи Ҷалолиддини Бахлӣ дидан хоҳад кард. Интизор меравад, бо ширкати раиси ҷумҳур як қаттор иншоотҳои ҷашнӣ мавриди истифода қарор бигиранд. Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон, дирӯз 24 август сафари кории худро бо мавриди истифода додани роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб дар маркази шаҳри Қурғонтеппа аз вилояти Хатлон оғоз бахшид.

XS
SM
MD
LG