Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ВКХ Сурия амалиёти Туркияро дар шимоли кишвар маҳкум кард


Вазорати корҳои хориҷии Сурия амалиёти низомии Туркияро дар шимоли кишвар маҳкум кард. Дар изҳороти вазорат омадааст, ки амалиёти низомӣ дар Сурия бояд танҳо бо розигии ҳукумати ин кишвар сурат бигирад.

ВКХ Сурия амалиёти мазкурро "ҷанг" хонда, гуфтааст, ки дар натиҷаи он ҷои созмони террористии "Давлати исломӣ"-ро дар шимоли кишвар "гуруҳҳои дигарри террористӣ" хоҳанд гирифт.

Рӯзи чаҳоршанбе артиши Туркия амалиёти низомиро дар шаҳри Ҷароблуси Сурия, ки ҳаммарз бо ин кишвар аст, оғоз кард. Мақомоти турк гуфтанд, амалиёт зидди гуруҳҳои террористиест, ки шаҳрро ғасб кардаанд ва ҳадафи он ҳимоят аз тамомияти арзии Сурияву пешгирии мавҷи нави муҳоҷирон аз ин кишвари ҷангзадааст.

Қарори амалиёти заминӣ баъди он гирифта шуд, ки минтақаҳои назди марзии Туркияро аз ҷониби Сурия тирборон карданд.

XS
SM
MD
LG