Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Петросян ба "Ситибонк" бо қутии намак ҳамла кардааст


Марде, ки рӯзи чаҳоршанбе шуъбаи "Ситибонк"-ро дар маркази Москва ғасб кард, ҳамаи гаравгонҳоро озод намуда, ба мақомот таслим шудааст. Миёни озодшудаҳо Глеб Брянский, муовини сармуҳаррири хабаргузории ТАСС ҳам ҳаст.

Маводи таркандае, ки ҳамлагар бо он таҳдид мекард, қутии намак будааст. Шахсияти ин мард муайян шуда, вай тоҷири 55-солаи муфлис Арам Петросян аст, ки ахиран видеои муроҷиаташ ба президенти Русия дар Ютуб нашр шуд.

Петросян дар ин муроҷиатнома аз президенти Русия талаб кард, ки муфлисшавии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар сатҳи давлатӣ ҳамчун беморӣ эътироф ва институти нав оид ба мушкилиҳои муфлисшавӣ таъсис дода шавад. Вай ҳамчунин таҳид карда буд, ки дар сурати иҷро нашудани ин талаб даст ба қонуншикании ҷиноӣ хоҳад зад.

​Ба иттилои "Интерфакс", Петросян мудири кул ва соҳиби ду ширкатест, ки аз андоз қарздоранд. Дар гузашта низ вай аз ин гуна ширкат 4 то доштааст.

Рӯзи чаҳоршанбе хабар доданд, ки шахси номаълуме ба шуъбаи "Ситибонк" ҳамла карда, дар гарданаш қутие монанди маводи тарканда овезон аст ва бо таҳдиди таркондани шуъба талаб орад, то пулис бо ӯ вориди гуфтугӯ шуда, хабари ҳамлаашро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кунанд.

Дар робита ба ҳолати гаравгонгирӣ нисбати тоҷири муфлис парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG