Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия гуфт, марзҳояшро "поккорӣ" мекунад


Баъди ҳамлаи хунин дар Туркия, ҳукумат гуфт, манотиқи марзии кишвар бо Сурия бояд аз ҳузури ҷангҷӯёни гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ комилан пок карда шавад. Як кӯдаки бомбгузори маргталаб рӯзи 20-уми август дар шаҳрии марзии Ғозиёнтеппа ва дар як ҷашни арӯсӣ худро тарконд ва 51 нафарро кушт. Даҳҳо тани дигар захм бардоштанд. Мавлуд Чавушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия рӯзи 22-уми август гуфт, ки “марзҳои мо бояд аз ҳузури ДОИШ комилан пок карда шавад.” Ӯ афзуд, “Ин ҳаққи мост, ки дар дохил ва хориҷи кишвар ба зидди ингуна созмони террористӣ биҷангем.” Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, раиси ҷумҳури Туркия рӯзи 21-уми август гуфт, дар ҳамла ба шаҳри Ғозиёнтеппа гурӯҳи Давлати исломӣ даст дорад. Манотиқи ҷанубушарқии умдатан курднишини Туркия дар як соли ахир шоҳиди чандин бомбгузориву ҳамлаи маргбор шуд ва ин ҳамлаҳоро кори дасти ё ҷудоиталабони курд ва ё гурӯҳи Давлати исломӣ номидаанд.

XS
SM
MD
LG