Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзи Узбакистон бо Қирғизистон муваққатан баста шуд


Узбакистон дар арафаи таҷлили 25-солагии истиқлолияти давлатии хеш марзашро бо Қирғизистон баст. Марзбонони қирғиз рӯзи 22-юми август гуфтанд, ки ҳоло рафтуомад миёни ду кишвар қатъ шудааст. Ҳоло шаҳрвандони Қирғистон, ки қабл аз марзбандӣ ба Узбакистон рафта буданд, эҳтимол дорад, иҷозаи бозгашт ба ватанашонро пайдо кунанд. Инчунин, гуфта мешавад, дипломатҳо ва кормандони созмонҳои байналмиллалӣ иҷозаи убури марзро доранд. Узбакистон 1-уми сенятбр 25-солагии истиқлолияташро таҷлил хоҳад кард. Аз соли 2010, пас аз муноқишаи қирғизҳо бо узбакҳои маҳаллӣ дар ҷануби Қирғизистон, Узбакистон қабл аз ҷашнҳои муҳим марзашро бар рӯи ин ҳамсояаш мебандад.

XS
SM
MD
LG