Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими футболи Бразилия маҳшаре барпо кард


Дарвозабони Бразилия Вевертон зарбаи Нилс Петерсени Олмониро баргардонд
Дарвозабони Бразилия Вевертон зарбаи Нилс Петерсени Олмониро баргардонд

Тими миллии футболи Бразилия рӯзи 20-уми августи футболбозони Олмонро шикаст дод ва шӯру ҳаёҳуеро дар он кишвари ошиқи футбол ба по кард. Неймар, аз футболбозони маъруфи ҷаҳонӣ дар ҳузури 78 ҳазор нафар дар майдони Маракана бо зарбаи 11 метрӣ бозиро бо ҳисоби 5 бар 4 бар фоидаи кишвараш анҷом дод. Дақиқаҳои асосӣ ва иловагии бозӣ бо ҳисоби 1 бар 1 анҷом ёфт. Баъди пирӯзӣ дар кӯчаҳои шаҳри Рио Де Жанейро маҳшаре барпо шуд ва садои мардум ва сигнали мошинҳо шаҳҳро ба ларза овард. Ду сол пеш тими миллии Бразилия, ки мизбон ҳам буд, дар Ҷоми ҷаҳонии футбол аз Олмон дар бозии ниманиҳоӣ бо ҳисоби 7 бар 1 шикаст хӯрд. Рӯзи 20-уми август дар бозиҳои олимпии тобистона барои Русия ҳам рӯзи хубе буд, чун ин кишвар якбора чаҳор медали тилло ба даст овард.

XS
SM
MD
LG