Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси табдили номи кӯчаҳои Душанбе дар айвонҳои баланди Русия


Хиёбони марказии Душанбе ба номи Рӯдакӣ. Ин хиёбон дар гузашта исми Ленинро дошт

Хиёбони марказии Душанбе ба номи Рӯдакӣ. Ин хиёбон дар гузашта исми Ленинро дошт

Ба дунболи изҳороти сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия, як узви Палатаи ҷамъиятии он кишвар аз раҳбари иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хостааст, ки ба табдили номи кӯчаҳои бозмонда аз Шӯравӣ дар Душанбе мавқеашро равшан кунад.

Баҳси табдил шудани исми баъзе аз кӯчаҳои Душанбе аз долонҳои Вазорати корҳои хориҷии Русия ба айвонҳои нисбатан баландтар мекӯчад. Елена Сутормина – узви Палатаи ҷамъиятии Русия – рӯзи 19-уми август аз Сергей Лебедев, раҳбари иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, хостааст, ки ба амалкарди мақомоти тоҷик дар бораи ивази номҳои бозмонда аз Шӯравӣ "баҳои равшан" диҳад.

Вай гуфтааст, "дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамаи халқҳои бародар дар ҷанг бо миллатгароён иштирок карданд ва миёни онҳо ҳеҷ ихтилоф набуд. Барои ҳамин, ҳамаи рамзҳое, ки аз он даврон боқӣ мондаанд, бояд ҳифз шаванд. Табдили номи кӯчаҳо талоши Тоҷикистон барои аз нав навиштани таърих аст. Ман мегӯям, ки ба ин кор набояд иҷозат дод."

Дар маҷмуъ, мо на аз мавқеи миллигароӣ ва на аз мавқеи шовинистӣ, балки пеш аз ҳама тибқи қонунҳои Тоҷикистон амал мекунем.

"Номи Пушкину Толстой меистад"

Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳадаф аз иваз кардани номи кӯчаву хиёбонҳо "миллатгароӣ" ё комилан аз байн бурдани фарҳанги Шӯравӣ набуда, ин кор дар асоси санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва қонунҳои кишвар сурат мегирад. Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, гуфт, ҳанӯз даҳҳо номи русӣ ва ё қаҳрамонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар кӯчаву хиёбонҳои кишвар боқӣ мондаанд.

Сайфулло Сафаров

Сайфулло Сафаров

Вай барои мисол аз Марченко, қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ ёд овард, ки яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе номи ӯро дорад. "Ё Александр Мираненко, ки қаҳрамони башардӯст аст, ҳар сол сарбозони башардӯст дар пояи ҳайкали вай ҷамъ мешаванду хотираи неки ӯро ба ёд меоранд," – афзуд ӯ.

"На миллигароӣ, на шовинистӣ"

Муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ гуфт, бо ин вуҷуд номҳои Пушкину Толстой ва Маяковский аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе гирифта намешаванд, "чунки онҳо бузургони на танҳо миллати рус ҳастанд, балки вазни ҷаҳонӣ доранд. Лекин, дар маҷмуъ, мо на аз мавқеи миллигароӣ ва на аз мавқеи шовинистӣ, балки пеш аз ҳама тибқи қонунҳои Тоҷикистон ва қарорҳои раиси шаҳри Душанбе амал мекунем."

Абдураҳими Зулфониён, сардори раёсати Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, низ иддаои намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия дар робита ба дигар кардани номи кӯчаву хиёбонҳо дар шаҳри Душанберо бе асос хонд. Ӯ гуфт, ки "иваз кардани номи кӯчаву хиёбонҳо дар чорчӯбаи қонунҳои кишвар анҷом мешавад ва ба маънои миллатчигӣ набуда, балки ба манзури эҳёи арзишҳои миллии мардуми тоҷик аст."

Мария Захарова

Мария Захарова

Изҳороти Захарова

Бори аввал, рӯзи 18-уми август Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия дар як нишасти хабарӣ дар Маскав аз табдили исми кӯчаву хиёбонҳои бозмонда аз Шӯравии собиқ дар пойтахти Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, ки ин кӯчаҳо дар гузашта номи қаҳрамонҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, олимону фарҳангиёни Шӯравиро доштанд ва ҳоло бо номҳои асосан тоҷикӣ иваз карда шудаанд.

Ба таъкиди ӯ, ин масъала пӯшиши густурда ва вокунишҳоеро дар расонаҳои маҳаллӣ низ доштааст. "Дидам, ки як гурӯҳ аз таърихшиносони маъруф, аз ҷумла намояндагони созмони ветеранҳо ва гурӯҳи донишҷуён ба боқӣ мондани номи қаблии кӯчаҳо, ки саҳифаҳои рангини таърихи мардуми моянд, таъкид кардаанд. Ба ин далел умед дорам, мақомот фикри шахсиятҳои бонуфуз, назири ветеранҳоро мешунаванд," - афзуд Мария Захарова.

Войков ё Рӯҳафзо?

Тағйири номи кӯчаву хиёбонҳо ва шаҳру навоҳӣ ва ҳатто вилоят дар Тоҷикистон тайи бештар аз понздаҳ сол боз идома дорад. Дар ин муддат, барои мисол, вилояти Ленинобод ба Суғд ва ноҳияи Нов ба Спитамену Куйбишев ба Абдураҳмони Ҷомӣ иваз шуда, дар охирин мавҷи тағйири номҳои ҷуғрофӣ шаҳри Чкалов дар ибтидои соли ҷорӣ ба Бӯстон табдили ном кард.

Ин раванд дар пойтахти кишвар низ идома дорад. Моҳи апрели имсол кӯчаи Войков - Рӯҳафзо, Чайковский - Наҷмиддин Абдуллоев, Панфилов - Бобо Ҷобиров ва кӯчаи Мир - Чаманзор номгузорӣ шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG