Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мегӯянд, ки аз роҳҳои қонунӣ барои бозгардондани моликияти ҳизб талош хоҳанд кард. Бар асоси фармони президенти Тоҷикистон тамоми моликияти Ҳизби коммунист миллӣ шуда буд.

Исмоил Талбаков, раиси нави Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, дар нахустин нишасти хабариаш рӯзи шанбеи 23 июл, баргардондани моликияти миллишудаи ин ҳизбро яке аз ҳадафҳои ҲКТ унвон кард.

Ӯ гуфт: “Мо барои ҳалли ин мушкил ба Додгоҳи конститутсионӣ муроҷиат кардаем. То ҳол дар ин додгоҳ ин қазия хоб аст. Даъвои моликиятро танҳо додгоҳ ҳал мекунад. Даъвои мо дар бораи баргардондани моликият дар Додгоҳи конститутсионӣ ҳаст.

Зимнан, дар соли 1992 Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба таври довталабона бархе аз биноҳои бузург, назири бинои Кумитаи марказии ҲКТ-ро ба ихтиёри ҳукумати кишвар дода буд. Дар соли 1999 Эмомалӣ Раҳмон зимни фармони “Оиди моликияти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон”, моликияти ин ҳизбро миллӣ кард. Он замон Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҲКТ ин фармонро “ғайриқонунӣ” хонда буд.

Масъулони Ҳизби коммунист мегӯянд, ки дар бархе аз минтақаҳо бахшҳои ин ҳизб дафтари корӣ надоранд. Аз ҷумла, дар моҳи январи соли ҷорӣ Донишкадаи энергетикии Қӯрғонтеппа аз ҳизби коммунист хост, то дафтари худ дар бинои хобгоҳи ин донишгоҳро холӣ кунад, аммо коммунистҳо гуфта буданд, ки ҷое барои рафтан надоранд.

Қаблан бахши Ҳизби коммунист дар минтақаи Қӯрғонтеппа дар дар бинои ҳукумати вилоят қарор дошт ва пас аз милликунонии моликияташ ин бахш ба хобгоҳи Донишкадаи энергеткии Қӯрғонтеппа кӯч баст.

Усмон Солеҳ

Усмон Солеҳ

Дар ҳамин ҳол, Усмон Солеҳ, сухангӯи Ҳизби ҳокими халқӣ-демократи Тоҷикистон, даъвои бозгардондани моликияти Ҳизби коммунистро “беасос” хонда ва гуфт, ин моликият бар асоси фармони президент ва қарори ҳукумати Тоҷикистон миллӣ кунонда шудааст ва тасмим қувваи бозгашт надорад.

Ин аллакай миллӣ кунонда шудааст. Бигузор ба суди конститутсионӣ муроҷиат кунанд, ин моликият баргардонда намешавад. Ҳоло дар ин биноҳо сохтору идораҳои давлатӣ ҷой гирифтаанд. Дар кишварҳои дигари пасошӯравӣ, аз ҷумла, дар Русия моликияти Ҳизби коммунист миллӣ кунонда шуд, аммо коммунистҳои рус даъвои баргардондани онҳоро намекунанд.

Бозгардондани дороиҳо танҳо масъалае нест, ки ҲКТ дар заминаи моликият матраҳ мекунанд. Азимҷон Насимов, дабири ҲКТ гуфт, ҳарчанд дар Қонуни асосии Тоҷикистон ба шаклҳои мухталифи моликият таъкид шудааст, вале онҳо ба идеяи волоияти моликияти давлатию ҷамъиятӣ бар моликияти хусусӣ содиқ мондаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло 90 дарсади моликияти Тоҷикистон хусусӣ шуда, аммо истеҳсоли молҳо зиёд нашудааст.

Ҷаноби Насимов ба унвони мисол аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ном бурд, ки ба ивази колхозу совхозҳо бунёд шуда, аммо ин амр ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус, пахта боис нашудааст. Гуфта мешавад, агар дар замони колхозу совхозҳо дар кишвар ҳудуди 1 миллион тонна пахта ҷамъоварӣ мешуд, дар соли гузашта миқдори пахтаи ҷамъоваришуда 230 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

Зимнан, дар Анҷумани 32-юми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки рӯзи 2-юми июл дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, Исмоил Талбаков раҳбари ин ҳизб интихоб шуд. Ба ҳамин минвол баъд аз 25-соли раҳбарӣ, Шодӣ Шабдолов аз раҳбарии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон барканор шуда ва Исмоил Талбаков ба ин симмат интихоб шуд.

Шодӣ Шабдолов муддати 25 сол раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд

Шодӣ Шабдолов муддати 25 сол раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд

Мақомоти нави ҳизб мегӯянд, ки ҲКТ дар баробари Ҳизби ҳокими халқӣ-демократ ва ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун “оппозитсияи созанда” боқӣ монда, аммо дар масоили марбут ба ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва якпорчагии кишвар дар паҳлӯи ҳукумат қарор хоҳад дошт.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз куҳантарин ҳизбҳои кишвар ҳисоб ёфта ва соли 1918 дар Бухоро таъсис шудааст. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳизби коммунист ҳизби ҳоким ва яккатоз дар Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Баъди ба истиқлол расидани Тоҷикистон низ аввалин ҳизби расмии сабтиномшуда ҳизби коммунист буд.

Аз соли 1991 то ба ҳол роҳбарии ин ҳизбро Шодӣ Шабдолов бар ӯҳда дошт. То аввалҳои соли 2015 шумораи аъзои ҲКТ 45 ҳазор нафар гуфта мешуд. Мақомоти ин ташкилоти сиёсӣ мегӯянд, ки дар зарфи яку ним соли ахир аъзое, ки робитаашонро бо ҳизб карда ё ба муддати тӯлонӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, аз сафҳои ҳизб ихроҷ шуда ва ҳоло шумораи аъзои ҲКТ 37 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG