Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти Русия қиммати нафтро дар бозор боло бурд


Ба дунболи ишораи Русия, ки гуфтааст дар масъалаи сабук кардани бозори саршор аз нафти хом бо ОПЕК ҳамкорӣ хоҳад кард, рӯзи 16 август қиммати маводи сӯхт дар бозор боло рафт. Вазорати энержии Русия гуфтааст, ки ҳайати ин кишвар дар сафаре ба маркази Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт, ё ОПЕК дар масъалаи вазъи феълии бозори нафт ва дурнамои он табодули назар кардааст. Вазири энержӣ Александр Новак гуфт, ки Русия нишастеро бо ОПЕК дар моҳи октябр барномарезӣ кардааст. Ин изҳорот қиммати нафтро рӯзи 16 август то 84 сент боло бурд. Русия ва Саудӣ ду кишвари аслии истеҳсолкунандаи нафт дар ҷаҳон ҳисоб мешаванд.

XS
SM
MD
LG