Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз Қирғизистон баргардони пулҳои нирӯгоҳро талаб дорад


Ҷараёни бунёди нирӯгоҳи Норин дар
Қирғизистон
Ҷараёни бунёди нирӯгоҳи Норин дар Қирғизистон

Русия аз Қирғизистон талаб дорад, 37 миллион долларро, ки дар тарҳи бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои Норини Боло харҷ кардааст, баргардонад. Шартнома миёни Қирғизистону Русия дар бораи сохтмони силсилаи нерӯгоҳҳои Норини Боло ва нерӯгоҳи "Қамбарота-1" расман 9 августи соли ҷорӣ ба поён расид. Дар пасманзари ин Русия эълон кард, ки ин маблағро бармегардонад ва онро дар сохтмони шаҳракҳо барои сохтмончиён ва роҳҳои мошингард дар ҳудуди Қирғизистон сарф мекунад. Шартнома миёни Қирғизистону Русия дар бораи сохтмони обанбор ҳанӯз соли 2012 баста шуда буд. Аммо амалӣ шудани тарҳи бунёди нерӯгоҳҳо ба дарозо кашид ва мақомоти қирғиз хостори қатъи шартнома бо Русия шуданд.

Комиссияи муваққаттии тафтиши лоиҳа аз ҳисоби вакилон ба хулосае расид, харҷҳое, ки давоми чанд сол Русия кардааст, ҳамчунин пас гардонда шавад. Аммо Олмонбет Шикмаматов, намояндаи комиссияи муваққаттии вакилон дар мавриди тафтиши лоиҳа гуфтааст, қабл аз баргардонии Русия ин масъала низ ба назар гирифта шавад, ки Русия то куҷо ӯҳдадории худро дар мавриди бунёди неругоҳҳо дар Қирғизистон иҷро кардааст. Ӯ гуфт, “Ҳатман ин нукта бояд ба назар гирфита шавад, ки ҷониби Русия ба мо ваъдаи бунёди неругоҳро дода буданд, аммо пас аз муозокирот бо Узбакистон аз ин тасмими худ даст кашиданд”.

XS
SM
MD
LG