Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толиби Сангин даргузашт


Толиби Сангин
Толиби Сангин

Толиби Сангин, ҳуқуқдон ва рӯзноманигори тоҷик, субҳи 15 август дар синни 51 даргузашт. Наздиконаш мегӯянд, ки ӯ рӯзҳои охир аз саратони мағзи сар азият мекашид ва дар хона буд. Толиби Сангин факулати филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва бахши ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии тиҷоратро хатм кардааст. Аз муассисони нашриёти "Авасто" буд, ки соли 1992 дар шаҳри Истаравшан таъсис ёфтааст. Муаллифи романи "Маскарад", "Одинаи муосир", "История вечной любви …с разлукой на 16 лет", "Другая судьба” ва "Корысть" мебошад.

XS
SM
MD
LG