Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Туркия аз изҳороти кумиссари СММ


 Фатҳулло Гулен
Фатҳулло Гулен

Туркия изҳороти кумиссари ҳуқуқи башари СММ-ро, ки гуфт, Анкара бояд “ҳирси интиқом”-аш баъд аз кӯшиши нокомии табаддулоти низомии 15 июлро лаҷом бизанад, ба интиқод кашид. Сухангӯи вазорати хориҷаи Туркия Танҷу Билгич рӯзи 13 август изҳороти Зайд Раъд Ал-Ҳусейнро ғайри қобили қабул ва “дар беҳтарин ҳолат, нохушоянд” номид. Билгис ҳамчунин поймол шудани ҳуқуқи мардум дар ҷараёни поккории мақомотро рад кард. Ӯ гуфт, мақоми ҳуқуқи башари СММ бояд ба ҷои ин омилони табаддулоти хунинро маҳкум мекард. Ал-Ҳусейн дар ин ҳафта аз Анкара даъват кард, ки ҳуқуқи афроди боздоштшуда дар пайи кӯшиши табаддулотро риоя кунад. Мақомоти Туркия баъди он ҳодиса ҳазорон сарбозу пулис, қозиён, журналистон ва ходимони давлативу ҷамъиятиро боздошт ё барканор карда ваё таҳти таҳқиқ қарор додааст. Муттаҳидони ғарбиаш нигаронанд, ки раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон аз ин маъракаи таъқибот ба манзури таҳкими қудраташ истифода мекунад. Эрдуғон ба пок кардани ниҳодҳои Туркия аз ҳузури шабакаи марбут ба рӯҳонии турки муқими Амрико Фатҳулло Гулен даъват мекунад. Анкара Гуленро айбдор мекунад, ки ӯ тавассути афродаш дар артишу нирӯҳои амниятӣ дар пушти кудатои 15 июл меистод. Гулен инро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG