Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин Сергей Ивановро ба кори дигар гузаронд


Сергей Иванов
Сергей Иванов

Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия ғайримунтазира Сергей Иванов-раиси дафтари раёсати ҷумҳуриро аз мақом барканор ва ба кори дигари камаҳамияттаре мансуб кард.

12 август Кохи Кремл гуфт, ки акнун Иванов намояндаи раиси ҷумҳур дар умури зистмуҳитӣ ва боркашонӣ хоҳад буд. Антон Вайно, ки то ҳол муовини Сергей Иванов буд, раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурӣ таъйин шудааст.

Путин дар як эъломия гуфтааст, ки Иванов худаш дархост кардааст, то вайро ба кори дигар гузаронанд. Иванов ҳамчунин аз узвияти Шӯрои Амнияти Русия хориҷ шудааст.

Вай дар гузашта афсари КГБ, вазири дифоъ ва муовини нахуствазири Русия буд ва аз наздикони билқувваи Путин дониста мешуд.

Соли 2008, вақте ки мӯҳлати дуввуми раёсати ҷумҳурии Путин ба охир мерасид, Иванов номзади эҳтимолӣ ба ин мақом тахмин зада мешуд. Вале Дмитрий Медведев, ки вай низ аз дӯстони наздики Путин аст, ба ҷои Путин дар курсии раёсати ҷумҳурӣ нишаст.

XS
SM
MD
LG