Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати боз як корманди полиси маҷрӯҳшуда дар Алмаато


Сержанти полис Жалгас Келдибоев, ки бар асари тирандозӣ дар шаҳри Алмаато рӯзи 18 июл ҷароҳат бардошта буд, аз олам даргузашт. Дар ин бора вазорати вазорати умури дохилии Қазоқистон рӯзи 11 август хабар дод.

Келдибоеви 24-сола аз соли 2014 ба ин сӯ корманди ҳифзи тартиботи Қазоқистон буд. Ба ин васила теъдоди қурбониёни он ҳодиса ба нӯҳ нафар расид. Даҳ рӯз пеш ду корманди дигари полиси дар тирандозӣ маҷрӯҳшуда аз олам даргузашта буданд.

Рӯзи 18 июл соати 10-54 дақиқа марди мусаллаҳ бо туфангча дар шӯъбаи умури дохилии Алмаато як пулисро маҷруҳ карда, силоҳашро соҳиб шуд. Ӯ аз силоҳи пулис сӯи бахши навбатдории шӯъба тир кушод ва дар натиҷа чаҳор пулис маҷруҳ ва як шаҳрванди осоишта кушта шуданд. Марди мусаллаҳ аз бино берун шуда мошинеро манъ карда назди бинои бахши КДАМ ба кӯчаи Байзаков рафт. Дар роҳ ӯ сӯи мошини пулис оташ кушод. Дар канори бинои бахши КДАМ мошини дувуми пулисро тирборон кард. Баъдан ӯ дар маркази шаҳр бо пулисҳои навбатдор вориди тирандозӣ шуд. Як корманди полис маҷрӯҳ шуд, дуввумӣ тавонист, ки марди мусаллаҳро безарар гардонад.

Ҳамлагар шаҳрванди 27-сола Руслан Кулекбоев қаблан барои яғмои молу амвол ва ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳ маҳкум ба маҳбас шуда буд.

Аз ин пеш 5 июли соли равон як гуруҳи мусаллаҳ ба ду фурӯшгоҳи силоҳ ва қисми низомии Оқтеппа ҳамла кард, ки дар натиҷа 7 нафар, се низомию чаҳор сокини осоишта ба ҳалокат расид. Дар пайи амалиёти зиддитеррористӣ 18 гумонбари мусаллаҳ кушта ва 9 тани дигар боздошт шуданд. Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ҳамлагарон узви гуруҳи ифротгарои динии ғайрисуннатиянд.

XS
SM
MD
LG