Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Маскав аз қарори Кумитаи паралимпӣ


Акс аз бойгонӣ

Владимир Лукин, раҳбари Кумитаи Паралимпии Русия қарори манъи ширкати варзишгарони маълули рус дар Бозиҳои паралимпии моҳи сентябр дар Рио-де-Жанейроро нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон номид. Лукин рӯзи 8 август дар нишасти хабарӣ дар Маскав гуфт, аксари паралимпичиҳои Русия дар моҷарои допинг даст надоранд ва ӯ омода аст, собит кунад, ки тими Русия тамоми ӯҳдадориҳояш дар мавриди мубориза бо допингро иҷро кардааст. Ӯ гуфт, аксари онҳое ки аз ҳаққи ширкат дар Бозиҳои паралимпӣ маҳрум шуданд, варзишгарони тоза буданд. Ин изҳороти Лукин дар ҳолест, ки рӯзи 7 август Филип Кравен, президенти Кумитаи байналмилалии паралимпӣ гуфт, тими паралимпии Русия бахше аз низоми олудаи таҳти назорати ҳукумати Русия буд ва ба ин далел, тими Русия аз ширкат дар Бозиҳои Паралимпии имсола, ки аз 7 то 18 сентябр дар Рио доир мешаванд, боздошта мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG