Пайвандҳои дастрасӣ

Беш аз 600 қирғиз дар Сурияву Ироқ


Ин ду кӯдак дар Сурия аз Қирғизистон будаанд. Акс аз бойгонӣ

Ин ду кӯдак дар Сурия аз Қирғизистон будаанд. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти амниятии Қирғизистон мегӯянд, дастикам 600 шаҳрванди ин кишвар ба ҷангҷӯёни исломгаро дар Сурияву Ироқ пайвастаанд. Роҳат Сулаймонов, сухангӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 3 август ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ин шумор 100 нафараш занон мебошанд. Ба ҳисоби Сулаймонов, тайи чанд соли охир беш аз 70 шаҳрванди қирғиз дар ҷангҳо аз тарафи гурӯҳҳои ҷангҷӯи исломӣ кушта шуда, 20 нафар аз Сурияву Ироқ ба Қирғизистон баргаштаанд. Мақомоти амниятии Русия қаблан ҷамъи ҷангҷӯён аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сафи гурӯҳҳое, чун “Давлати исломӣ” дар Сурияву Ироқро ҳудуди 3000 нафар баршумурда буданд. Мақомоти Тоҷикистон теъдоди ҷангҷӯёни тоҷикро дар он ду кишвари арабии Ховари Миёна 1094 нафар ҳисоб карда, мегӯянд, то имрӯз ҳудуди 300 нафар аз шаҳрвандони тоҷик дар Сурияву Ироқ кушта шудаанд. Мақомоти аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳузури садҳо ҷангҷӯ аз ин минтақа дар ҷангҳои Ховари Миёнаро таҳдидзо медонанд ва барои баргардондани онҳо аз он ҷангҳои бегона талош доранд.

XS
SM
MD
LG