Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳоким: Ҷавони тоҷик духтари қазоқро таҷовуз накардааст (АКС)


Бейбут Отамқулов – ҳокими вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ – дар деҳаи Сайфуллино, ки тайи ду рӯзи охир шоҳиди нооромиҳост, ҷаласаи ситоди фавриро баргузор намуда, бо сокинон мулоқот кардааст. Бино ба хабари сомонаи хадамоти матбуотии ин вилоят, ҳоким натиҷаи ташхиси тиббиро хондааст, ки дар он амалҳои зӯроварии як ҷавони тоҷики ин минтақа нисбат ба ноболиғи қазоқ исбот нашудааст.

Вай аз сокинони деҳа даъват кардааст, ки ба ҳар гуна овозаҳои дурӯғ бовар накунанд ва таҳқиқи ин сарусадоҳоро ба мақомоти интизомӣ вогузоранд. Ба навиштаи ҳамин манбаъ, ҳангоми мулоқот бо сокинони Сайфуллино додситони вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ Иброҳим Имонов низ суханронӣ карда, гуфтааст, “барои ҳифзи субот ва рафъи қонуншиканиҳо чораҳо андешида шудааст".

Нооромӣ дар ин минтақаи Қазоқистон баъди овозаҳо дар бораи гӯё аз сӯи ҷавони тоҷик таҷовуз шудани духтари ноболиғи қазоқ сар зад. Бар пояи иттилои пулис, дар натиҷаи бетартибиҳо се нафар захмӣ шуда, шаби 1 ба 2 август дар деҳаи Дихан, ки сокинонаш асосан тоҷик ҳастанд, аз сӯи афроди ношинос се хонаву чанд мошин оташ зада шудааст. Сокинон мегӯянд, ҳатто ин ин гурӯҳ талош кардааст, дари яке аз хонаҳоро бо “лом” бикушояд.

Маҳмудҷон Орзумуродов

Маҳмудҷон Орзумуродов

Маҳмудҷон Орзумуродов, падари нуҳ фарзанд, мегӯяд, соати сеи шаб маҷбур шуд, ки хонаашро тарк карда, ба ҷои дигар равад. “Ҳудуди сад ҷавон бо доду фарёд омаданд. Мо ҳамроҳи кӯдакон гурехтем. Дар 10-15 дақиқа хонаву мошинро сӯзонданд,” - нақл кард ӯ.

Сокинони деҳаи Дихан аз он нигаронанд, ки ин ҳодиса метавонад дубора такрор шавад ва барои ҳамин аз мақомот талаб доранд, ки таъмини амнияти онҳоро бар уҳда бигиранд. Кормандони пулис, ки хонаи сӯхтаи Маҳмудҷон Орзумуродовро ба навор гирифтаанд, гуфтанд, ки рустои Дихан ва деҳаҳои атрофаш таҳти назорат аст.

Яке дигар аз сокинони Дихан дар суҳбат бо хабарнигори Озодӣ гуфт, онҳо дар вақти ҳамлаи гуруҳи ҷавонон намедонистанд, ки аз худ чигуна дифоъ кунанд. "Мо аз он тарсидем, ки агар бо ин гуруҳи ҷавонон муқобилият кунем, рафтори мо метавонад ба низои байниқавмӣ сабаб шавад. Онҳо хеле зиёд буданд ва ором карданашон дар як дам осон набуд. Ҳамаи мо сокинони Қазоқистон ҳастем ва бо забони қазоқӣ суҳбат мекунем, аммо ғайриинтизор дар чунин вазъ қарор гирифтем,” – мегӯяд ӯ.

Сокинони Дихан мегӯянд, тоҷикон ба ин деҳа ва рустои Сайфуллино дар солҳои 60-уми асри гузашта аз вилояти Сирдарёи Узбакистон бурда шудаанд. Онҳо асосан ба корҳои кишоварзӣ, аз ҷумла парвариши меваву сабзиҷот машғуланд. Баъди ин ҳодиса бархе аз онҳо маҷбур шудаанд, ки деҳаро бо зану фарзандонашон тарк кунанд.

Урайзбой Дониёров

Урайзбой Дониёров

Яке аз сокинони тоҷики рустои Абай дар наздикии Дихан дар суҳбат бо хабаранигори Озодӣ гуфт, шаби 1 ба 2 август ӯро низ гуруҳи афроди ношинос зери латту кӯб гирифтаанд. Уразбой Дониёров гуфт, “дар кӯча доду фарёди ҷавонон буд. Ба берун баромада, ҳанӯз барои мушаххас кардани онҳо фурсат наёфтам, ки маро зери зарбу лат гирифтанд ва ман аз ҳуш рафтам. Маро ба бемористон бурданд ва ҳоло аз онҷо рухсат шуда, ҳамроҳи хонаводаам ба рустои дигар кӯчидем.”

Мақомоти пулис мегӯяд, ки ҳоло вазъ дар ин минтақа ором шудааст. Хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ мегӯяд, ба деҳаи Сайфулинно, ки баҳси таҷовуз ба номуси як ноболиғи қазоқ аз сӯи ҷавони тоҷик аз онҷо бархоста буд, техникаҳои низомӣ сафарбар шуда, бегонаҳоро ба онҷо роҳ намедиҳанд.

Дар Қазоқистон беш аз 50 ҳазор тоҷик ба сар мебаранд, ки бахши аъзами онҳо муқими вилоятҳои ҷанубиянд. Моҷаро миёни сокинони маҳаллӣ ва тоҷикҳо хеле кам рӯй медиҳад. Бори ахир ин гуна моҷаро соли гузашта дар ноҳияи Сариоғош рӯй дода, бо марги як нафар анҷом ёфта буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG