Пайвандҳои дастрасӣ

Дар як рустои канори шаҳри Шимкент, воқеъ дар ҷануби Қазоқистон, миёни сокинони маҳаллӣ ва ҷавонони тоҷик занозанӣ ба вуқӯъ пайвастааст.

Моҷаро рӯзи 31 июл баъди овозаҳо дар бораи аз сӯи ҷавони тоҷик таҷовуз шудани духтари ноболиғи қазоқ сар задааст. Ба навиштаи баъзе хабаргузориҳо, айни ҳол гурӯҳи бузурги кормандони пулис атрофи русторо печонида гирифтаанд, то аз вуруди сокинони мавзеъҳои дигар ва идомаи моҷаро ҷилавгирӣ шавад.

Куанишбек Қорӣ, раиси дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Алмаато, бо такя ба иттилои муовини раиси раёсати умури дохилии вилояти Қазоқистони ҷанубӣ Сирим Абдуллоев гуфт, дар занозанӣ дар рустои Сайфуллинои ноҳияи Мактаарал се нафар маҷрӯҳ шуда ва тирезаҳои як мағоза фурӯ рехтаанд.

Дар бораи ҳуввияти ҷавонони захмӣ иттилоъ дода нашудааст. "Моҷаро баъд аз овозаҳо дар бораи он шурӯъ шуд, ки гӯё як навраси ноболиғи тоҷик ба номуси духтараки ноболиғи қазоқ таҷовуз кардааст," - афзуд Куанишбек Қорӣ. .

Муовини раиси пулиси вилоят рӯзи 1 август дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки табибон духтари ноболиғи қазоқро муоина карданд ва на аз латукӯб ва на аз таҷовуз ба номус нишоне пайдо накарданд.

Ба гуфтаи ӯ, навраси тоҷик дастгир нашудааст ва таҳти муроқибати волидонаш қарор дорад. Аммо дар робита ба тафтиши ташкили занонзанӣ гурӯҳи махсуси фаврӣ-тафтишотӣ таъсис шудааст.

Аз ин пеш Калмахон Акишев, ҳокими шӯрои деҳоти ба номи Жолдасбой Ералиев ба Радиои Озодӣ гуфт буд, ки атрофи русто аз сӯи кормандони пулис печонида шудааст. Аммо кормандони пулиси вилояти Қазоқистони ҷанубӣ ин хабарро рад карда ва гуфтаанд, ки барои ҳифзи тартибот дар рустои Сайфуллино 170 корманди пулис сафарбар шудаанд.

Куанишбек Қорӣ мегӯяд, ки дар Қазоқистон беш аз 50 ҳазор тоҷик ба сар мебаранд, ки бахши аъзами онҳо муқими вилоятҳои ҷанубиянд. Моҷаро миёни сокинони маҳаллӣ ва тоҷикҳо хеле кам рӯй медиҳад. Бори ахир ин гуна моҷаро соли гузашта дар ноҳияи Сариоғош рӯй дода, бо марги як нафар анҷом ёфта буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG