Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талафоти Русия дар Сурия эҳтимол ба 19 нафар расидааст


Дар вилояти Идлиби Сурия чархболи Ми-8-и Русия сарнагун шуд. Бино бар маълумоти ибтидоии вазорати мудофиаи Русия, ҳамаи панҷ низомии дохили чархбол кушта шудааст. Ба ин тартиб, аз эҳтимол дур нест, ки шумораи низомиҳои кушташудаи Русия дар Сурия ба 19 нафар расида бошад.

Идлиб тақрибан ба таври комил аз сӯи нерӯҳои мухолифи режими Башор Асад, аз ҷумла "Фронти Фатҳ аш-Шом", "Ан-Нусра"-и пешин, ки аз баданаи "Ал-Қоида" ҷудо шуд, идора мешавад. Ҳанӯз дақиқ нест, ки кадоме аз ин гуруҳҳо чархболро сарнагун кардааст.

Ба иттилои вазорати мудофиаи Русия, чархбол ҳангоми баргаштан ба пойгоҳи низомии Русия дар Хмеймим (Латақия) сарнагун шудааст. Чархбол ба шаҳри муҳосирашудаи Ҳалаб ёрии башардӯстона расонидааст. Нерӯҳои мухолиф дар Ҳалаб рӯзи дувум аст, ки ба мавзеъҳои артиши ҳукуматӣ ҳамла мекунанд. Аз артиши ҳукуматӣ нерӯҳои ҳавоии Русия пуштибонӣ менамоянд.

Ҳомиёни ҳуқуқи Сурия ва сокинони маҳаллӣ борҳо ҷониби Русияро дар бомбаборони маҳаллаҳои аҳолинишини Ҳалаб муттаҳам карданд.

XS
SM
MD
LG