Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Трамп имкони мансуб ба Русия будани Қримро "баррасӣ мекунад"


Доналд Трамп, номзад ба мақоми раисиҷумҳури ИМА аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон, гуфт, ки дар мавзӯи мансубияти нимҷазираи Қрим бояд назари мардуми маҳаллӣ ба инобат гирифта шавад. Дар посух ба суоли хабарнигори шабакаи телевизионии АВС дар робита ба он ки то куҷо омода аст Қримро чун як бахши Русия эътироф кунад, Трамп гуфт, "ман ин имконро баррасӣ мекунам. Вале шумо медонед, ки мардуми Қрим, тавре шунидаам, бо Русия буданро авлотар мехонанд”.

Доналд Трамп ҳамчунин гуфт, ки бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин робитае надорад, ягон бор бо ӯ мулоқот накардааст ва телефонӣ низ бо ӯ дар тамос нашудааст.

Мусоҳиба бо Трамп аз тариқи телевизиони АВС шоми 31 июл пахш шуд.

Изҳороти Трамп муғайир ба сиёсати маъмурияти раисиҷумҳури феълӣ Барак Обама аст, ки илҳоқи Қрим аз сӯи Русияро ғайри қобили қабул мехонад. Русия моҳи марти соли 2014 нимҷазираи Қрими Украинаро як бахш аз қаламрави худ эътироф намуд.

Изҳороти Доналд Трамп боиси интиқоди шадид дар Украина шуд. Вазири умури дохилии Украина Арсен Аваков изҳороти Трампро “бешармона” номид ва гуфт, миллиардери амрикоӣ ҳам барои Украина ва ҳам барои ИМА хатар дорад. Нахуствазири пешини Украина Арсений Ятсенюк изҳор намуд, ки Трамп алайҳи арзишҳои ҷаҳони озод ҷанг эълон кардааст.

XS
SM
MD
LG