Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳиллари Клинтон, номзади ҳизби демократ ба президентии Амрико гуфт, хадамоти иктишофии Русия ба компютерҳои Кумитаи миллии демократӣ ҳамлаи ҳакерӣ кардаанд. Ӯ ҳамчунин рақибаш аз ҳизби ҷумҳурихоҳ Доналд Трампро ба тарафдорӣ аз раисиҷумҳури Русия Владимир Путин айбдор кард. Клинтон рӯзи 31 июл дар мусоҳиба бо "Fox News Sunday" гуфт, “мо медонем, ки хадамоти иктишофии Русия ба Кумитаи миллии демократӣ ҳамлаи ҳакерӣ кардаанд, мо медонем, ки онҳо номаҳои зиёдеро барои нашр ҷамъ овардаанд ва мо медонем, ки Доналд Трамп азми зиёде барои ҳимоят аз Путин, барои тарафдорӣ аз Путин нишон медиҳад.” Амрико расман Русияро ба ҳамлаҳои ахири ҳакерӣ ба шабакаи компютерии ҳизби демократ айбдор накардааст, вале коршиносон ва мақомоти ин кишвар мегӯянд, ба бовари онҳо, ифшои мукотибаҳоро Русия ба хотири таъсир расондан ба интихоботи рӯзи 8 ноябри президентии Амрико нақша кашидааст.

XS
SM
MD
LG