Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киев сафари вакилон ба Қримро маҳкум кард


Украина сафари гурӯҳи вакилони парлумони Фаронса ба нимҷазираи аз сӯи Русия тасарруфшудаи Қримро маҳкум кард. Ҳайъати иборат аз 11 вакили фаронсавӣ аз 29 то 31 июл тайи се рӯз аз Қрим боздид мекунанд. Вазорати хориҷаи Украина рӯзи 30 июл дар як баёния гуфт, ҳайъати Фаронса “намоишкорона қонунҳои Украина ва қонунҳои байналмилалиро поймол ва мавқеи расмии кишвари худро, ки ба истиқлол ва якпорчагии Украина содиқ боқӣ мемонад, сарфи назар кардааст.” Баёния меафзояд, ки Киев ин сафарро ҳамчун “намоиши пуштибонии ошкоро аз таҷовузи Русия алайҳи Укрина” мебинад. Ҳайъати Фаронса ба хотири музокирот бо раҳбарони маҳаллӣ, сокинон ва Флоти баҳри Сиёҳи артиши Русия дар Қрим қарор дорад. Кишварҳои Ғарб алайҳи Маскав барои тасарруфи Қрим дар соли 2014 ва кумакҳояш ба ҷудоихоҳони рӯ ба Русия дар шарқи Украина таҳримот ҷорӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG