Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаби 29 июл 6 муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Челябинск бо иттиҳоми вайрон кардани қонунҳои муҳоҷирати Русия дастгир шудаанд. Пулиси Челябинск гуфт, алайҳи се нафари онҳо, ки 29, 30 ва 39 сол доранд, протоколи маъмурӣ тартиб додаанд ва парвандаашон барои ихроҷ аз ҳудуди Русия ба додгоҳ фиристода шуд. Онҳо бар асоси моддаи 18.8 ва 18.10-и Кодекси қонуншиканиҳои маъмурии Русия ба вайрон кардани қоидаҳои будубош ва фаъолияти кории ғайриқонунӣ дар қаламрави ин кишвар айбдор мешаванд. Ҳарсеро то замони баррасии парвандаи ихроҷашон ба боздоштгоҳи боздоштшудаҳои маъмурӣ бурдаанд.

XS
SM
MD
LG