Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қаҳрамони варзиши сабук аз Ӯзбекистон мехоҳад ҷинсашро иваз кунад


Як ҷавондухтари 21-сола аз Ӯзбекистон бо бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ тамос гирифта, хабар додааст, ки мехоҳад, ҷинсашро иваз карда, ба ҷавонмард мубаддал гардад. Вай мегӯяд, худро "ҷисман ва руҳан" мард ҳис мекунад, аммо дар ҳамаи ҳуҷҷатҳо ҳамҷун ҷинси зан сабт шудааст.

Ин ҷавондухтар мегӯяд, соли 2009 дар мусобиқаи варзиши сабук миёни занон пирӯзӣ ба даст овард, аммо ҳангоми ташхиси тиббӣ, табибон дар ҷисми вай нишонаҳои барҷастаи мардонаро мушоҳида кардаанд. Ба ин далел вай натавонистааст, ки ба мусобиқаҳои байналхалқӣ роҳ ёбад.

- Табибон ба ман гуфтанд, ки ҷисми ман 90 дарсад ҳармонҳои мардона дорад. Маро ба Маркази эндокринологии шаҳри Тошканд фиристоданд, он ҷо ҳам табибон гуфтанд, ҷисми ман комилан занона нест. Ман аз хурдӣ бештар бо писарбачаҳо муошират доштам, зоҳири ман, ҷаҳони ботини ман мисли мардон аст, - мегӯяд ин варзишгари ӯзбек.

Варзишгари ӯзбек, ки худро Н. ном мебарад, дар Андиҷони Ӯзбекистон таваллуд ва ба воя расидааст. Аммо чаҳор соли охир вай дар Русия ба сар мебарад.

Ин варзишгар мегӯяд, ҳатто баъди иваз кардани ҷинсаш ҳам намехоҳад ба Ӯзбекистон баргардад. Ду соли охир вай бо духтаре мулоқот мекунад.

Дар Ӯзбекистон табдили ҷинс қонунан манъ аст.

XS
SM
MD
LG