Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рахнагарон сомонаи КДАМ-и Қирғизистонро "шикастанд"


Рахнагарони интернетӣ сомонаи расмии Кумати давлатии амнияти миллии Қирғизистонро "шикастаанд". Дар ҳоли ҳозир сомонаи www.gknb.gov.kg дастнорас аст.

Раиси КДАМ-и ин кишвар Роҳат Сулаймонов мегӯяд, шеваи рахна кардани сомона омӯхта мешавад.

Рахнагарон дар сомона бо забони туркӣ "Ҳизби коргари Курдистон романи анҷомнаёфта" навиштаанд.

Дар ибтидои рахна кардан дар сомона акси марди мусаллаҳ бо парчами Ҳизби коргари Курдистон ҷой дода шуда буд, аммо ҳоло сомона комилан дастнорас аст.

XS
SM
MD
LG