Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оҷонсӣ: Нишондодҳои иқтисодӣ хуб. Аммо нархи сабзӣ, .... гарон шуд


Гулнора Ҳасанова, раиси Оҷонси омори Тоҷикистон.

Гулнора Ҳасанова, раиси Оҷонси омори Тоҷикистон.

Оҷонсии омори Тоҷикистон мегӯяд, новобаста ба бӯҳрони иқтисодӣ, соли ҷорӣ Тоҷикистон дар арсаи иқтисод ба дастовардҳои шоёне ноил шудааст. Гулнора Ҳасанзода, раиси Оҷонсии омори Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 28 июл зини нишасти матбуотӣ натиҷаҳои фаъолияти иқтисодии кишвар дар нимсолаи аввалро хуб арзёбӣ кард ва гуфт, “маҷмӯи маҳсулоти дохилии истехсолшуда дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 22 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбати соли гузашта 106,6 дар сад бештар аст."

Аммо хонум Ҳасанзода гуфт, ки “дар нимсолаи аввал ҳаҷми будҷаи давлатӣ 99,4 дар сади нақша иҷро шудааст ва воридоти андоз низ 94 дар сади ҳаҷми умумии даромадро ташкил дод.

Дар ҳамин ҳол, тибқи натиҷаҳои оморӣ дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ нархи баъзе аз маҳсулот қимат шудааст. Ба хусус нархи маҳсулоти озуқаворӣ дар ним солаи ахир 3 дарсад гарон шуда ва дар ин радиф аз ҳама бештар қимати сабзӣ 1,7 баробар, нахуд 53 дарсад, шакар 20 дарсад, чойи кабуд 19 дарсад ва равган 10 дарсад ва гӯшт 2 дарсад киммат шудаанд. Аммо ба иттилои оморӣ, дар ин давра нархи картошка, тухм, гушти гусфанд ва орди навъи якум арзонтар шудааст.

Иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон дар робита ба гарон шудани нархи иддае аз маҳсулоти маврид ниёзи аввалия дар ҳолест, ки таҳлили қиёсии ҷадвали муфассали нарху навои маҳсулот дар 14 бозори Тоҷикистон, ки созмони ҷамъиятии “Нексигол Мушовир” аз моҳи августи соли 2010 ба ин сӯ пайваста нашр кард, нархи маҳсулоти асосӣ дар ин бозорҳо назар ба як сол пеш як ҳудуди 15 дарсад, вале дар муқоиса бо 6 соли пеш қариб 2 маротиба боло рафтааст.

Ин созмон дар сомонааш - agroinform.tj - тағйири нархи 101 навъи маҳсулоти кишоварзиву ғизоӣ дар 14 бозор, аз ҷумла “Шоҳмансур”-и Душанбе, “Панҷшанбе”-и Хуҷанд, бозорҳои марказии Истаравшану Исфара, Кӯлобу Қӯрғонтеппа ва Рашту Хоруғ, бозорҳои марзии “Бекобод”, “Кулундӣ”, “Сӯх”, “Бука”, “Дӯстӣ”-и Қумсангир ва бозори Ҳамадонӣ пайваста дарҷ мекунад.

XS
SM
MD
LG