Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон ба Қирғизистон нерӯи барқ намедиҳад


Тоҷикистон дар масъалаи хариди неруи барқ ба Қирғизистон посухи рад додааст. Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон рӯзи 26 июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки “дар воқеъ ҷониби Қирғизистон ба маблағи 2, 5 сентӣ барои ҳар киловатт-соат неруи барқ хариданӣ буд. Онҳо дар ҳудуди 2 миллиард киловатт-соат неруи барқ дархост кардаанд. Аммо дар шароити феълӣ минтақаи шимоли мо ба неруи барқ ниёз дорад, аз ин рӯ маҷбур шудем ба ҳамсоякишварамон ҷавоби рад диҳем”.

Ба гуфтаи ҷаноби Усмонзода, дар вилояти Суғд корхонаҳои саноатӣ ва ҳамин тавр нассосҳои обкашонӣ дар қалмрави кишвар ба неруи барқ эҳтиёҷ доранд.

Ҷаноби Усмонзода афзуд, дар ҳоле, ки неруи барқ аз субҳ то шом барои фаъолияти корхонаҳо ва нассосҳои обкашонӣ зарурат дорад, мо наметавонем ба кишвари ҳамсоя неруи барқ диҳем.

Аммо вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, ки содироти неруи барқ ба Афғонистон, дигар кишвари ҳамсояаш ҷараён дорад ва идома хоҳад ёфт.

Посухи ради Тоҷикистон ба Қирғизистон дар ҳолест, ки аввалҳои ҳамин моҳ муовини нахуствазири Қирғизистон Олег Панкратов ширкатҳои давлатии бахши энержӣ дар Қирғизистонро расман муваззаф кард, ки ба зудтарин фурсат масъалаи харидани нерӯи барқ аз Тоҷикистонро баррасӣ кунанд. Ҷаноби Панкратов дар ҷаласаи омодагӣ ба зимистонгузаронии 2016-2017 гуфтааст, ба қадри кофӣ захира кардани об дар обанбори Токтогул як шарти бидуни мушкил паси сар кардани зимистон хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG