Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

БМ: Қурби пули миллӣ муддати 4 моҳи ахир мӯътадил аст


Раиси Бонки Миллӣ гуфтааст, ки фарқият миёни қурби расмии сомонӣ, пулии миллии тоҷикӣ дар нисбати доллари амрикоӣ ва қурби асъор дар бозор 2 дарсадро ташкил хоҳад дод. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 25 июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки муддати чор моҳи ахир дар қурби расмии пули миллӣ нисбат ба доллари амрикоӣ тағйироте ба назар нарасидааст. Ба гуфтаи ҷаноби Нурмуҳаммадзода, фарқият миёни қурби расмии сомонӣ ва доллари амрикоӣ аз 17, 5 дар сади охири моҳи январи соли ҷорӣ ба 0,3 дарсади аохири моҳи июн коҳиш дода шуд. Ба ин далел раиси Бонки Миллӣ мегӯяд, дар оянда низ бозори асъор ва фарқият миёни қурби расмии пули миллии кишвар нисба ба доллари амрикоӣ ва қурби бозор ба танзим оварда мешавад.

Парвози қурби доллар бахусус дар нимаи дувуми соли 2014 ва нимаи аввали соли 2015 хеле маҳсус буд. Дар моҳи майи соли 2015 ҳукумати Тоҷикистон раис ва тамоми муовинони раиси Бонки миллиро барканор кард ва раҳбарияти нави бонк сиёсати шадидеро барои танзими вазъи бозори асъор рӯи даст гирифт.

Ибтидо дар роҳи фаъолияти саррофони хусусӣ дар кишвар маҳдудиятҳои шадид ҷорӣ шуда, аз 1 декабри соли 2015 салоҳияти мубодилаи асъори хориҷиро пурра ба ихтиёри бонкҳо гузоштанд ва нуқтаҳои хусусии мубодилаи асъорро аз байн бурданд. Ҳамин тавр, дар Тоҷикистон барои муомилаҳои ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ, аз ҷумла бо доллару евро фурӯхтани манзилу мошин ва мубодилаи асъор берун аз бонк, ҷаримаҳои сангин ва ҳатто ҳукми зиндон ҷорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG