Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корманди хайрияи Ҳинд дар Кобул аз асорат раҳо шуд


Сушма Свараҷ-вазири корҳои хориҷаи Ҳинд, акс аз бойгонӣ
Сушма Свараҷ-вазири корҳои хориҷаи Ҳинд, акс аз бойгонӣ

Як корманди созмони хайрияи Ҳиндустон, ки моҳи гузашта дар Кобул рабуда шуда буд, аз асорат раҳо шудааст. Дар ин бора хонум Сушма Свараҷ-вазири корҳои хориҷаи Ҳинд 23 июл хабар дод.

Ҷудит Д‘Соузаи чилсола баъд аз тир хӯрдан 9 июн дар наздикии маҳали зисташ дар маркази Кобуд рабуда шуда буд.

Свараҷ ба ҳукумати Афғонистон изҳори сипос кард, ки барои раҳоии шаҳрвандаш “кӯмак” кардааст, вале дар бораи ҷузъиёти раҳоии вай чизе нагуфтааст.

Свараҷ гуфтааст, интизор меравад, ки то шоми 23 июл Д‘Соуза ба Ҳиндустон баргардад. Мақомот нагуфтаанд, ки дар паси ин одамрубоӣ кӣ қарор дорад.

Д‘Соуза барои Бунёди Оқохон кор мекард. Ин бунёд тақрибан дар 30 кишвар барномаҳои омӯзишӣ иҷро мекунад ва кӯмакҳои тиббӣ мерасонад.

XS
SM
MD
LG