Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулис расидагӣ ба куштори Мюнхенро идома медиҳад


Пулис ангезаҳои тирандозии як ҷавони 18 солаи эронитабори шаҳрванди Олмонро таҳқиқ мекунад, ки чаро вай шоми 22 июл дар шаҳри Мюнхен дар як мағозаи бузург ва дар Мак Доналдз тирандозӣ кардааст.

Дар ин тирандозӣ 9 нафар кушта, 16 нафари дигар захмӣ шудаанд. Ҷавон худро низ куштааст. Ҳоло, ки тирандози ягона кушта шудааст, чӣ хоҳад шуд? Ҷасади вайро як километр дуртар аз маркази тиҷоратии Олимпиа пайдо кардаанд.

Пулис мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд вай бо дасти худ ба сараш тир холӣ кардааст. То ҳол шахсияти вай барои пулис маълум набуд. Петер Бек-сухангӯи пулиси Мюнхен мегӯяд, тадбирҳои амниятӣ аз миён бардошта шудаанд ва ҳоло нақлиёти ҷамъиятӣ тибқи маъмул ҳаракат мекунад.

Петер Бек ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфтааст, то ҳол пулис сабабҳои ин ҷиноятро намедонад ва афсарони пулис дар маҳали ҳодиса ба ҷамъоварии нишонаҳои он машғуланд.

Рӯзномаи “Bild”-и Олмон гузориш додааст, ки субҳи 23 июл пулис дар хонае амалиёти ҷустуҷӯ анҷом додааст, вале намегӯянд, ки ин амалиёт бо қотил иртибот дорад ё хайр. Аз қотил то ҳол ном бурда нашудааст.

XS
SM
MD
LG