Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳисобҳои бонкии Парвиз Мушаррафро бастанд


Парвиз Мушарраф

Парвиз Мушарраф

Додгоҳи вижае, ки парвандаи ҳокими низомии собиқи Покистон Парвиз Мушаррафро бо иттиҳоми хиёнат муҳокима мекунад, ба гуфтаи вакили Мушарраф, ҷиҳати мунҷамид сохтани ҳисобҳои бонкӣ ва мусодираи моликияти ӯ қарор кардааст.Мазҳар Алам Миёнхел, раҳбари ҳайъати иборат аз се қозӣ ин қарорро баъди он содир кард, ки Парвиз Мушарраф, ки моҳи март барои табобат ба Дубай рафта буд, ба додгоҳ ҳозир нашуд. Бо ҳамин муҳокима ба таъхир гузошта шуд, чунки қозиён гуфтаанд, ки наметавонанд Мушаррафро дар ғайбаш муҳокима кунанд. Алайҳи Мушарраф як силсила иттиҳом, аз ҷумла хиёнат ва куштор дар робита ба сӯиқасд ба ҷони сарвазири собиқ Беназир Бҳутто эълон шудааст. Мушарраф дар соли 1999 бо барканор кардани сарвазир Навоз Шариф дар натиҷаи як табаддулоти бехун ба қудрат расид. Ӯ соли 2008 барои раҳоӣ аз изҳори нобоварӣ истеъфо дод ва ба хориҷ рафт. Мушарраф дар соли 2013 ба Покистон баргашт ва дигар аз ҳаққи сафар ба хориҷ маҳрум карда шуд. Ин таҳрим ба хотири зарурати табобат бардошта шуд. Мушарраф дар моҳи январ дар парвандаи қатли раҳбари чирикиҳои балуч Наввоб Акбар Бугтӣ сафед карда шуд. Вале 4 парвандаи дигар алайҳи ӯ боқӣ мемонад. Дар ин парвандаҳо Мушарраф ба хиёнат дар мавриди ҷорӣ кардани ҳукумати фавқулодда, ҳамчунин ба ғайриқонунӣ барканор кардани қозиҳо, қатли Бҳутто ва амалиёти пурқурбонӣ ба масҷиди тундравон дар Исломобод айбдор мешавад.

XS
SM
MD
LG